Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмуд Аббос зидди кӯчондани сафорати ИМА ба Байтулмуқаддас


Маҳмуд Аббос – раҳбари фаластиниён – гуфт, кӯчондани сафорати Амрико аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас ба ҳалли низои Исроилу Фаластин кумак нахоҳад кард. Вай дар ин бора ҳангоми ифтитоҳи намояндагии расмии Фаластин дар Ватикан изҳори назар намуд. Маҳмуд Аббос баъди дидор бо раҳбари католикҳои ҷаҳон Поп Франсис гуфт, Ватикан Фаластинро ба ҳайси кишвари мустақил пазируфтааст ва аз ҳукуматҳои дигари ҷаҳон хост, ки аз ин иқдом пайравӣ кунанд. Конгресси Амрико соли 1995 қонун дар бораи кӯчондани сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Исроилро ба Байтулмуқаддас тасвиб кард, вале ба далели баҳсӣ будани ин минтақа сафорат дар Тел-Авив боқӣ монд. Моҳи декбари соли гузашта Келлиэн Конуэй, мушовири президенти мунтахаб Доналд Трамп, масъалаи кӯчондани сафоратро баъди адои савганд дар миён гузошт. Дар айни замон дар Вашингтон мегӯянд, Байтулмуқаддас аз 1948 ба ин тараф ба ягон давлат тааллуқ надорад ва мақоми шаҳр пас аз имзои созишномаи сулҳ мушаххас хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG