Беата Шидло, нахуствазири Лаҳистон (Полша) ва мақомоти дигари баландпояи ин кишвар шоми 14 январ нерӯҳои амрикоиро истиқбол гирифтанд. Нерӯҳои амрикоӣ дар доираи нақшаҳои НАТО барои тақвияти марзҳои шарқии созмон дар пайи амалкардҳои Русия дар ин минтақа омадаанд. Маросими истиқболи нерӯҳои амрикоӣ дар шаҳри Жаган, дар наздикии марз бо Олмон, сурат гирифт. Нахуствазири Лаҳистон гуфт, ки кишвараш барои тақвияти амният қадами бисёр муҳим бардоштааст. Вазири дифои Лаҳистон Антоний Мачеревич хитоб ба нерӯҳои амрикоӣ гуфт, "ин лаҳзаро даҳсолаҳо интизор будем". Бино ба нақшаи НАТО, Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ, дар Лаҳистон бояд ҳудуди севуним ҳазор нерӯи кишварҳои узви ин созмон бояд ҷойгир шаванд. Ба ин кишвар ҳудуди ҳазор тонки Abrams, мошини ҷангии Bradley ва тӯпхонаи худрави Howitz низ оварда хоҳанд шуд.