Пайвандҳои дастрасӣ

"Баҳор"-и Чин дар Тоҷикистон баргузор шуд. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Намояндагони Чин дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе ҳунарнамоӣ карданд. Мақомоти тоҷик гуфтанд, ин маъракаи шоми 14 январ бахшида ба 25-умин солгарди равобити дипломатии Тоҷикистону Чин сурат гирифт. Муҳаммади Эгамзод, котиби аввали раёсати кишварҳои Осиё ва Африқо, масъули бахши Чин дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ки дар ин маърака ҳузур дошт, гуфт, «ин ҳунарпешагони Оркестри миллии созҳои мардумии Чин аз минтақаи Гуандун ба Тоҷикистон омаданд».

Лаҳзае аз базми "Баҳор"-и Чинро ҳамкори мо Мӯъмин Аҳмадӣ мустақим дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук гузошт:

Вай афзуд, аз ин пеш дар Чин низ барномаҳои тантанавӣ аз тарафи Тоҷикистон баргузор шуда буд. «Маҳфили хеле гарму самимӣ ва дар сатҳи олӣ буд», - афзуд ӯ. Муҳаммади Эгамзод гуфт, муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар сатҳи хеле назаррасанд ва баргузории ингуна маҳофил мардуми ду кишвари ҳамсояро ба ҳам наздиктар хоҳанд кард.

Рӯзи 4 январи имсол аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Чин 25 сол пур шуд. Як пажӯҳиши донишмандони тоҷик дар соли гузашта нишон додааст, ки солҳои охир мизони маҳбубияти Чин дар ҷомеаи Тоҷикистон афзуда, ин падида ба саҳми бештари Пекин дар иқтисод бастагӣ доштааст. Саҳми Чин ба иқтисоди Тоҷикистон дар даҳ соли охир ба 1 миллиард доллар баробар шудааст. Аммо бархе аз коршиносон дар таҳи бори сармояҳои Чин мондани Тоҷикистонро ба манфиат намедонанд. Онҳо мегӯянд, беҳтар аст, Тоҷикистон иқтисоду истеҳсолашро ба пой рост карда ва аз ин тариқ вобастагияшро ба Чину сармоягузорони дигар камтар намояд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG