Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи бекороне, ки соли гузашта расман аз тарафи идораҳои давлатии Тоҷикистон сабти ном шудаанд, дар муқоиса ба 2015 се ҳазор нафар афзудааст. Дар Оҷонсии омори Тоҷикистон рӯзи 14 январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бинобар гузоришҳои охирин, ки аз моҳи январ то ноябри соли 2016-ро дар бар мегирад, теъдоди умумии бекорон 54 ҳазору 800 нафар ҳастанд.

Бино ба пешбинии Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар соли ҷорӣ шумораи бекорон 3 миллиону 800 ҳазор нафар афзуда, дар маҷмӯъ, ба 201 миллион нафар хоҳад расид.

Бар асоси омори расмӣ, ҳамагӣ 2,4 фисад дар Тоҷикистон расман бекор шинохта шудаанд. Дар муқоиса ба шумораи афроди қобили меҳнат дар Тоҷикистон ин рақам чандон зиёд нест. Ҳатто кишварҳои пешрафтаи Аврупо низ чунин натиҷа надоранд. Мизони миёнаи бекорӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо аз 8 фисад болотар аст.

Бисёре аз афроди бекор дар Тоҷикистон худро ба Русия мезананд
Бисёре аз афроди бекор дар Тоҷикистон худро ба Русия мезананд

Латиф Солеҳзода, таҳлилгари масоили иҷтимоӣ ва роҳбари як созмони ғайридавлатӣ, гуфт, омори расмии бекорӣ дар Тоҷикистон баёнгари воқеият нест. Ба қавли ӯ, аксарият бинобар душвор будани ҷараёни “бекор эътироф шудан аз сӯи давлат” ба мақомоти маҳалли зисташон муроҷиат намекунанд.

«Барои расман бекор эътироф шудан аз тарафи мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ маълумотномаву ҳуҷҷати зиёд зарур аст. Бар замми ин, бисёриҳо аз маълумоти кофии ҳуқуқӣ бархӯрдор нестанд ва аз ин рӯ худро расман ҳамчун бекор сабти ном намекунанд. Мизонии воқеии бекорӣ дар Тоҷикистон аз 10 то 15 дарсад камтар нест», - афзуд ӯ.

Бино ба ҳисоби Оҷонсии омор дар Тоҷикистон ҳамасола ҳудуди 170 ҳазор нафар ҷавон ба синни қобили меҳнат расида, вориди бозори кор мешаванд. Ба иддаои мақомоти Тоҷикистон, тайи панҷ соли охир дар ҷумҳурӣ беш аз 100 ҳазор ҷойи нави корӣ бунёд карда мешавад. Дар соли 2015 мақомот гуфта буданд, дар кишвар 114 ҳазор ҷойи кории нав ташкил шудааст.

Раҳмон Ӯлмасов
Раҳмон Ӯлмасов

Аммо бо ин вуҷуд, шумораи нерӯи корӣ аз ҷойҳои кории эҷодшуда аз 50 то 60 ҳазор нафар камтар аст ва умдатан ин ҷавонон худро ба бозори кори Русия мезананд ва ба сафи ҳудудан як миллионафараи муҳоҷирон мепайванданд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Вазорати меҳнат ва муҳоҷрати Тоҷикистон ҳоло дар феҳристи ҷойҳои холии ин вазорат беш аз 2 ҳазор ҷойҳои холии корӣ сабт шудаанд. Раҳмон Ӯлмасов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, бинобар поён будани музди маош бисёре аз корҷӯён ба он таваҷҷӯҳ намекунанд. Ӯ афзуд, “шумораи ҷойҳои корӣ дар мо ҳастанд. Аммо бинобар кам будани маош бекорон ба он намераванд ва рӯ ба муҳоҷират меоранд.»

Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар гузориши тозаи хеш гуфтааст, мизони бекорон дар соли оянда дар ҷаҳон боз ҳам бештар мешаванд. Бинобар пешбинии ин созмон дар соли ҷорӣ шумораи бекорон 3 миллиону 800 ҳазор нафар афзуда, дар маҷмӯъ ба 201 миллион нафар хоҳад расид. Ин созмон аз тамоми кишварҳои ҷаҳон даъват ба амал овардааст, ки барои эҷоди ҷойҳои кории нав ва босифат бештар талош варзанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG