Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле ки ҳаводорони қалён ва қаҳвахонаҳои махсуси қалёнкашӣ афзоиш меёбад, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тасмим дорад, ин масъаларо омӯхта ва кашиданашро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ кунад. Мақомоти соҳаи тиб мегӯянд, истифодаи муштараки чанд нафар аз як зарфи қалён хатари паҳншавии бемориҳоро бештар мекунад.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Нархи як қалёне, ки ба мизоҷ пешниҳод карда мешавад, аз 45 то 100 сомонӣ қимат дорад

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини, инак, собиқи вазири тандурустии Тоҷикистон, гуфт, мушоҳида мешавад, ки кашидани қалён ва ба даҳон бурдани найчаи он аз ҷониби чанд нафар барангезандаи бемориҳо, аз ҷумла микробҳои замбуруғӣ аст. “Яке дигар бемориҳои хатарзо сил буда метавонад”, - афзуд ӯ. Ҷаъфаров гуфт, соли 2010 қонун дар бораи маҳдуд намудани истифодаи тамоку қабул шуда буд, вале дар он дар бораи қалён чизе гуфта нашудааст. Акнун тарҳи нави манъкунандаи кашидани қалён дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳам таҳия хоҳад шуд.

Наврӯз Ҷаъфаров
Наврӯз Ҷаъфаров

Бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистон 10 дарсади аҳолӣ маҳсулоти тамокуро истеъмол мекунанд. То ҳанӯз мақомоти кишвар оморе дар мавриди шумори чилим ё қалёнхонаҳо надоранд, вале зикр мекунанд шумораи онҳо ва ҳаводоронашон, ки аслан синну соли ҷавонон ҳастанд, меафзояд.

Қалёнхонаҳо аслан дар нимаи дувуми рӯз ва умдатан ҳангоми шом фаъол мешаванд ва ҳаводорони он аслан ҷавонон ва духтарони ҷавон мебошанд. Алихон, як қалёнсоз дар қаҳвахонаи “Дубай”-и Душанбе гуфт, 40 навъи омода сохтани қалёнро медонад ва аксари онҳо аз тамокуи сабук ва меваҳои мухталиф таҳия мешаванд.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, “вақте дар зарфи шишагии қалён об гирифта мешавад ва дуди ангишт аз дохили об гузашта полоиш меёбад, никотин дар он ба ҳадди 0,5 дар сад кам шуда зарараш ночиз мешавад. Қалён ба андозаи сигор зараровар нест. Нархи як қалёне, ки ба мизоҷ пешниҳод карда мешавад, аз 45 то 100 сомонӣ қимат дорад.”

Вақте ба яке аз қалёнкашиҳои шаҳри Душанбе ворид шудем, соат наздики 4-и бегоҳ буд ва дар утоқҳои он алакай ҷавонписарон ва духтарон зиёд буданд. Қабл аз ин, аз қалёнхонаҳои “Шиша”, “Маракеш” ва “Изюм” ҳам дидан намудем, ки дар маркази пойтахт ҷойгиранд. Ҷавононе, ки дар ин қаҳвахона менишастанд, барои дидани дурбини телевизон дастҳои худро боло карда ва гуфтанд, ки сӯҳбат намекунанд.

Аммо дар сӯҳбати бидуни микрофон ва дурбин бархе аз ҷавонон гуфтанд, ки дар вақтҳои бекорӣ ба инҷо меоянд. Баъзеи дигар бо таассуф зикр карданд, ки ҷои кори муносиб надоранд ва барои ором намудани асаби худ қалён мекашанд.

Аслан вожаи “қалён” ва ё “калян” аз куҷо реша мегирад ва ба кадом фарҳангу таърих мансуб аст? Сафар Файзиев, луғатшиноси Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рудакӣ дар шарҳи ин вожа гуфт, “қалён аз решаи калимаи “ғалаён”-и форсӣ шакл гирифтааст ва бо умури вақт ҳарфи “ғ” ба “қ” ё қоф” табдил шудааст.”

Қалён ва ё калян ба таври маъмулӣ дар Тоҷикистон тақрибан 8 сол қабл пайдо ва фурӯши он, яъне тамоку ва зарфи қалён дар фурӯшгоҳҳои пойтахт роиҷ шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG