Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои зидди Русия то соли 2018 тамдид шуданд


Барак Обама
Барак Обама

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, таҳримҳои зидди Русияро то моҳи марти соли 2018 тамдид кард. Ин таҳримҳо дар робита ба ишғоли нимҷазираи Қрим аз тарафи Русия ва низоъ дар шарқи Украина эъмол шуда буд.

Тасмими дароз кардани мӯҳлати таҳримҳои зидди Русия қабл аз рафтани Барак Обама аз Кохи Сафед ва ба курсии раёсати ҷумҳурӣ нишастани Доналд Трамп гирифта шудааст. Трамп, ки рӯзи 20 январ савганд ёд хоҳад кард, тарафдори беҳбуд бахшидани равобит бо Русия аст ва қаблан эҳтимоли бознигарии таҳримҳоро сарфи назар накарда буд. Вале чанде аз аъзои нави кобинаи ӯ дар ҳафтаи гузашта эълон карданд, ки аз таҳримҳои зидди Маскав ҳимоят мекунанд.

Барак Обама иқдомҳои Русияро дар Украина “таҳдид ба амнияти ҷаҳон” ва аз ҷумла, “таҳдиди ғайримаъмулӣ ва фавқулода барои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида” донист. Моҳи декабри соли гузашта раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, ки таҳримҳои зидди Русияро ним сол – аз моҳи феврал то июли имсол тамдид мекунанд. Вазири умури хориҷии Фаронса Жан-Марк Эйро дар охири моҳи ноябри соли гузашта гуфт, лағви таҳримҳо вазъ дар Донбассро бадтар карда ва иҷрои Созишномаи Минскро ба шикаст рӯ ба рӯ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG