Раёсати олии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон қарор кардааст, ки минбаъд номзадии раиси ин ҳизб ба вакилии порлумон пешниҳод намешавад. Мирзоазим Насимов, иҷрокунадаи раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, 14 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “таҷрибаи даҳ соли охир нишон дод, ки раисони ҳизб ба хотири вакили порлумон шудан барои ин курсӣ талош мекунанд ва аксарияти вақти худро минбаъд ба корҳои вакилӣ мебахшанду кори ҳизб як сӯ мемонад. Бинобар ин, раёсат ба хулосае омад, ки минбаъд раиси ҳизб ба вакилӣ пешниҳод нашавад ва бигзор ҳар нафаре, ки минъбад раис интихоб шавад, танҳо ба кори ҳизб машғул бошад.”
Насимов гуфт, ҳоло раёсати ҳизб барои баргузор кардани анҷумани ғайринавбатӣ, ки қарор аст дар поёни моҳи январ баргузор шавад, омодагӣ мебинад. Ба гуфтаи ӯ, масъалаи аслии анҷуман интихоби раиси ҳизб хоҳад буд, ки ба таври алтернативӣ интихоб хоҳад шуд.
Мирзоазим Насимов – доктори илми иқтисод – пас аз фавти раиси қаблии ин ҳизб Исмоил Талбаков раиси муваққати Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб шуд. Раҳбари собиқи Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков дар моҳи декабри соли 2016 даргузашт. Талбаков ҳамагӣ моҳи июли имсол дар Анҷумани 32-юми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон раҳбари ин ҳизб интихоб шуда буд. Он вақт вакилони анҷуман барои раҳбарии Ҳизби коммунист номзадии Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаковро пешниҳод карда, дар як овоздиҳии боз ба тарафдории Шабдолов 22 ва ба ҷонибдории Талбаков 35 раъй доданд.
Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз кӯҳантарин ҳизбҳои кишвар ҳисоб ёфта, соли 1918 дар Бухоро таъсис шудааст. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳизби коммунист ҳизби ҳоким ва яккатоз дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Баъди ба истиқлол расидани Тоҷикистон низ аввалин ҳизби расмии сабтиномшуда ҳизби коммунист буд. То аввалҳои соли 2015 шумораи аъзои ҲКТ 45 ҳазор нафар гуфта мешуд.