Пайвандҳои дастрасӣ

Зиндониён дар Қирғизистон гуруснанишинӣ эълон карданд


Зиндони Қирғизистон

Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои Қирғизистон хабари гуруснанишинии наздик ба 20 маҳбуси зиндони №27-и ин кишварро тасдиқ кард.

Бар пояи қонуни нав, шахсоне, ки барои ҷиноятҳои экстремистию террористӣ дар Қирғизистон зиндонӣ шудаанд, минбаъд аз маҳбусони дигар ҷудо нигаҳдорӣ мешаванд. Ин иқдом эътирози бархе маҳбӯсонро ба бор овардааст.

Элеонора Сабатарова, сухангӯи хадамот мегӯяд, наздики 20 маҳбус, ки пеш аз қабули қонуни нав маҳкум ба зиндон шудаанд талаб доранд, ки шартан аз ҷавобгарӣ озод шаванд.

Ба гуфтаи Сабатарова, талаби маҳбусон ба додситон фиристоданд ва рӯзи 12 январ мулоқоти онҳо бо додситон баргузор шуд. "Тибқи қонуни нав маҳбусони зиндонҳои №27, №47 ва №16, ки барои ҷиноятҳои экстремистию террористӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд, бояд дар алоҳидагӣ, сенафарӣ дар як утоқу ҷудо аз дигарон нигаҳдорӣ шаванд. Ин талаб беш аз як моҳ мешавад, ба иҷро даромада, феълан дар маҳбаси №3 омодагиҳо идома дорад", - афзудааст ӯ.

Сабатарова хабари манъи намозхонии маҳбусонро дар Қирғизистон беасос хонд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG