Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Димишқ таҳдид кард, ки ҳамлаи Исроилро бепосух намемонад


Сарбозони артиши Сурия
Сарбозони артиши Сурия

Нерӯҳои ҳукумати Сурия Исроилро ба ҳамлаи пойгоҳи ҳавоии канораҳои Димишқ муттаҳам карданд. Онҳо таҳдид карданд, ки ин ҳамла бепосух намемонад.

Ба гуфтаи телевизиони давлатии Сурия якчанд гулӯлаи тӯпи Исроил дар қаламрави пойгоҳи Меззе, воқеъ дар ҷанубу ғарби Димишқ мунфаҷир шуд ва сӯхторро ба вуҷуд овард. Дар бораи ҳисороти ҷонӣ ва маҷрӯҳон маълумот пахш нашудааст. Гуфта мешавад, ки гулӯлаҳо аз қисмати шарқии Исроил партоб шуданд.

Намояндаи низомии Исроил аз шарҳи ҳодиса худдорӣ кард.

Дар ҷараёни низои Сурия Исроил мавқеи гурӯҳи шиаи "Ҳизбуллоҳ"-ро, ки Эрон ва ҷангиёни ҷонибдори Димишқ аз он пуштибонӣ мекунанд, ҳадаф қарор дода буд.

XS
SM
MD
LG