Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Туркия ба Қонуни асосӣ 3 дигаргунӣ ворид кард


Порлумони Туркия ҳангоми баҳси ворид кардани дигаргунӣ ба Қонуни асосӣ
Порлумони Туркия ҳангоми баҳси ворид кардани дигаргунӣ ба Қонуни асосӣ

Қонунгузорон дар порлумони Туркия се дигаргунии калидӣ ба Қонуни асосиро, ки президент Эрдуғон пешниҳод карда буд тасвиб карданд. Ин дигаргуниҳоТуркияро ба кишвари президентӣ табдил медиҳанд.

Шоми панҷшанбе ва субҳи рӯзи ҷумъа бандҳои асосии қонун тасвиб шуда, нақши порлумон то андозаи як ниҳоди назоратӣ коҳиш ёфт. Дар муқобил, салоҳияти ҳукумати иҷроияи президент куллан густариш ёфт ва президент акнун метавонад вазиронро таъин ва аз мақом сабудӯш кунад. Дар баробари ин, раиси ҷумҳур метавонад ҳизбӣ бошад.

Дар маҷмӯъ бо ибтикори президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва ҳизби ҳокими Адолат ва рушд, 18 банди нав ба қонуни асосии Туркия ворид мешавад.

Ин ҳизб гуфтааст, ки агар порлумон пешниҳоди дигаргунӣ ба Қонуни асосиро қабул накунад, дар Туркия интихоботи пеш аз мӯҳлат баргузор мешавад.

Ҳизбҳои мухолиф мегӯянд, ки ин дигаргуниҳо ба худокомагӣ мебарад.

XS
SM
MD
LG