Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни ИМА ҳалокати 33 ғайринизомиро эътироф карданд


Низомиёни Ийолоти Муттҳаида гуфтанд, ки моҳи ноябр дар ҷараёни даргирии нерӯҳои Амрико бо Толибони Афғонистон 33 нафар ғайринизомӣ кушта шуд.

Дар изҳороти рӯзи панҷшанбе низомиён ин мавридҳоро боиси таассуф хонаданд ва Толибонро сабабгори ин қурбониҳо гуфтанд, ки "хонаҳои мардумро ҳамчун мавзеи оташкушоӣ истифода мекунанд".

27 нафар мардуми мулкӣ дар ҳодисаи деҳкадаи Боз, воқеъ дар вилояти Қундуз қурбон шуд.

Дар байни кушташудаҳо кудакон низ буданд. Гумон меравад, ки баъзе мулкиҳо бо ҷангиёни Толибон хешутаборӣ доштанд.

Ҳалокати одамон он замон шурӯ ғавғоеро дар Афғонистон ба бор овард ва намояндаи Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки хисороти ҷонии аҳолии мулкӣ талошҳои бунёди сулҳу субот дар Афғонистон баҳам мезанад.

XS
SM
MD
LG