Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъномаи Сенати Амрико дар бораи манъи "Obamacare"


Сенати Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи манъи Қонуни ислоҳоти бимаи тиббӣ, маъруф ба "Obamacare", ки Президенти хуруҷӣ Барак Обама имзо карда буд, қатънома қабул кард.

Ин санад рӯзҳои наздик дар Палатаи намояндагон баррасӣ мешавад.

Намояндагони Конгресс аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва президенти мунтахаб Доналд Трамп манъи ин қонунро аз авлавиятҳои сиёсати дохилӣ арзёбӣ мекунанд. Трамп аз Конгресс даъват кардааст, ки ин масъаларо ҳарчӣ зудтар ҳал кунанд.

Аммо рӯзҳои ахир бисёр ҷумҳурихоҳон аз набуди назари ягона дар бораи тарҳи нави бимаи тиббӣ нигаронӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG