Дар Тоҷикистон идораи нави сайёҳӣ дар назди ҳукумати Тоҷикистон таъсис меёбад. Дар ин бора Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон рӯзи 12 январ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллозода, ин тасмими ҳукумат барои рушди зерсохтори соҳаи сайёҳӣ ва дарТоҷикистон гирифта шудааст. Раиси Кумита ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ афзуд, ки ин ниҳод нақша гузоштааст, ки то соли 2020 шумораи сайёҳонро ба Тоҷикистон ба 1 миллион бирасонад.
Афзун бар ин, ба гуфтаи Абдуллозода бо пешниҳоди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва супориши дастгоҳи ҳукумати Тоҷикисон, гурӯҳи корӣ таъсис шудааст, ки дар мавриди беҳтар кардани зерсохтори сайёҳӣ кор мекунад. Ӯ гуфт дар назар аст, ки дар ҳар 50километри шоҳроҳҳои кишвар 1 ташноб ва дар 100километр, як нуқтаи зерсохтори сайёҳӣ, таъсис дода мешавад.