Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокини Фархор барои таблиғи ДИИШ 6,5 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи минтақаи Кӯлоб як сокини ноҳияи Фархорро барои таблиғи ғояҳои гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар ҳудуди Русия ва ноҳияи Фархор, ба мудати 6,5-сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Баҳодур Раҳимов, сокини 34-солаи ҷамоати "20-солагии Истиқлолият" ноҳияи Фархор моҳе қабл аз сӯи додгоҳи минтақаи Кӯлоб барои пайравӣ ва таблиғи наворҳои созмони "Давлати исломӣ" дар шабакаҳои иҷтимоӣ, боздошт шуда буд.

Изатулло Табарзода, раиси додгоҳи минтақаи Кӯлоб рӯзи 11 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки Баҳодур Раҳимов дар моҳи октябри соли 2014 дар ҳудуди Росия худро дар шабакаи радиои "Зелло" сабти ном карда, дар "Гурӯҳи-24" аъзо шудааст.

Ҷаноби Табарзода афзуд, ки баъдан ин сокини Фархор ба гурӯҳи "Раҳнамо ба сӯи Давлатӣ исломӣ" иртибот пайдо карда ва дар шабакаи Однаклассники бо номи "Муҳаммад Муҳаммад" саҳифа боз намуда ва ба таблиғи ин гурӯҳ шурӯъ кардааст. Ӯ мегӯяд, ки Раҳимов 3-марти соли 2016 ба Фархор омада, бо аъзои "Давлати исломӣ" робитаашро идома додааст. Ба гуфтаи мақомоти додгоҳ, ӯ то лаҳзаи боздошташ 50 адад сабтҳои савтии созмонҳои тундравро ба хотираи телефонаш гузаронда, бо мақсади даъвати оммавӣ ба гурӯҳи "Раҳнамо ба сӯи Давлати исломӣ", паҳн кардааст.

Ба шашуним сол зиндонӣ шудани Баҳодур Раҳимов, мулаққаб ба "Муҳаммад- Муҳаммад" дар ҳолест, ки додгоҳи минтақаи Кӯлоб дар як соли ахир 28-сокини ин минтақаро барои таблиғи гурӯҳои мамнӯъ, аз ҷумла "Давлатӣ исломӣ" ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардааст.

XS
SM
MD
LG