Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авлавиятҳои Қазоқистон дар Шӯрои амнияти СММ мушаххас шуд


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон
Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, гуфт, ки кишвараш ҳамчун узви Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2017 то 2018, аз манофеи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ пуштибонӣ хоҳад кард. Қазоқистон аз ҷамъи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ аввалин давлатест, ки 1 январ узви Шӯрои амнияти СММ эълон шуд. Шӯрои амният 15 намоянда дорад ва Амрико, Фаронса, Олмон, Русия ва Британия аз аъзои доимии ин ниҳоди байналмилалӣ ҳастанд.

Назарбоев дар муроҷиат ба Шӯрои амнияти СММ, ки мақомоти Вазорати умури хориҷии ин кишвар дар Ню-Йорк пахш карданд, гуфт, кишвараш ҳамчунин баҳсҳоеро барои эҷоди сулҳ дар Афғонистон, ки аз ҷануб бо минтақа марз дорад, ба роҳ мемонад.

Президенти Қазоқистон гуфт, ки ҳамчун узви Шӯрои амнияти СММ кишвараш барои саҳмгузорӣ дар ҳалли мусолиматомези бӯҳрони Фаластину Исроил, низои Ховари Миёна, Афғонистон ва низоъҳои қаламрави Шӯравии собиқ талош хоҳад кард. Назарбоев аз имзои қарордоди қудратҳои ҷаҳонӣ бо Теҳрон, ба хотири ҷилавгирӣ аз барномаи ҳастаии Эрон, ситоиш кард ва гуфт, ки аз сиёсатҳои ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳи ҳаставӣ пуштибонӣ мекунад.

Раҳбари Қазоқистон, инчунин, аз мубориза бо терроризм сӯҳбат кард ва гуфт, ки кишвараш эҷоди шабакаи байналмилалии зидди терроризмро ташвиқ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG