Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шариф Саид: "Тиҷорат миёни Тоҷикистону Узбакистон густариш меёбад"


Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Точикистон рӯзи 11-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар робита ба додугирифти тиҷорӣ миёни Точикистону Узбакистон гуфт, савдо миёни ду кишвар дар ҳамаи самтҳо густариш меёбад. Ба гуфтаи Шариф Саид, дар ду намоишгоҳи охир то даҳ ширкати Узбакистон дар Тоҷикистон ширкат карданд, дар ҳоле, ки солҳои қаблӣ бо вуҷуди даъватҳо, ҷониби Узбакистон дар чунин намоишгоҳҳо ширкат намекарданд. Вай афзуд, қарор аст дар анҷоми моҳи ҷорӣ ширкатҳои истеҳсоли трактор ва асбобҳои хоҷагии қишлоқи Узбакистон дар Тоҷикистон маҳсулоти худро ба кишоварзони тоҷик пешкаш кунанд. Ба гуфтаи раиси Палатаи савод ва саноати Тоҷикистон, кишоварзони тоҷик имкон пайдо мекунанд, ки тариқи лизинг техникаи кишоварзии истеҳсоли Узбакистонро харидорӣ кунанд. Вай гуфт, аллакай ба Тоҷикистон нуриҳои минералӣ аз Узбакистон ворид шуд, ки солҳои пеш вуҷуд надошт.

XS
SM
MD
LG