Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди се рӯзи роҳбандон шоҳроҳи Тоҷикистон-Қирғизистон боз шуд


Қитъаи шоҳроҳи байни Тоҷикистону Қирғизистон, ки давоми се рӯзи гузашта бар асари боришоти зиёд баста буд, дубора боз шуд. Ин қитъаи шоҳроҳ аз ҳудуди деҳаи Қарамиқи ноҳия Лахш мегузарад ва аз рӯзи якшанбе, 8 январ то шоми 10 январ баста буд. Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон ин хабарро ба радиои Озодӣ тасдиқ кард ва гуфт, ки идораи роҳсозии ноҳияи Лахш дар он минтақа кор кард карда истодааст ва баъди се рӯзи барфрезиҳои шадид ва роҳбандон имкон пайдо шуд, ки роҳ боз шавад.

Ба иттилои Далер Сафаров, як сокини ноҳияи Лахш, дар натиҷаи роҳбандон 17 мошини борбар дар ҳудуди деҳа дармонда натавонистанд ба роҳи худ идома диҳанд. Сафаров гуфт, “шом дидам, ки мошинҳои Қирғизистон ба тарафи ноҳияи Тоҷикобод ҳаракат доштанд”. Ҳарорати ҳаво рӯзи 10 январ дар ин ноҳия -18 дараҷа буд ва шамоли сард мевазид.

Вазири нақлиёт ҳушдор дод, ки бо сардиву боришоти зиёди барф махсусан роҳҳои минтақаҳои куҳистон хавфнок мешаванд ва ронандаҳо пеш аз сафар бояд дар бораи вазъи ҳаво, шароити роҳҳо хабардор шуда, ҳангоми ҳаракат аз эҳтиёт кор гиранд. Ба гуфтаи Ганҷалзода, “имрӯз дар Бадахшон барфи зиёд боридааст ва хавфи фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест. Ронандагоне, ки аз ағбаҳо убур мекунанд, бояд мошинҳои худро ба фасли зимистон омода кунанд”.

Ноҳияи Лахш дар шарқи Тоҷикистон ҷойгир буда бо Қирғизистон ҳаммарз мебошад. Зимистон инҷо сард ва сербарф аст. Гузаргоҳи Қарамиқ дар 80-километрии маркази ноҳияи Лахш яке аз роҳҳои байнидавлатӣ буда мошинҳои мусофирбар ва боркаши ҳомили молу колои Тоҷикистону Қирғизистон аз он убур мекунанд.

XS
SM
MD
LG