Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ҳабси хонагии Улюкаевро тамдид кард


Додгоҳи Маскав мӯҳлати ҳабси хонагии вазири собиқи иқтисоди Русия Алексей Улюкаевро, ки ба фасодкорӣ муттаҳам шуд, то 15 апрел тамдид кард. Мӯҳлати таҳқиқи қазияи ӯ то 15 май тамдид ёфт.

Муфаттиш Роман Нестеров рӯзи сешанбе гуфт, ки зердастони собиқи Улюкаев ва кормандони дигари "Росимущества" ба муқобили ӯ шаҳодат доданд. Худи вазир дар мурофиа аз додгустар хоҳиш кард, ки ӯро бо шарти берун нарафтан аз шаҳр озод кунад. Улюкаев гуфт, ки ӯ наметавонад дар ҷойе пинҳон шавад, зеро шиносномаи хориҷиаш мусодира шудааст.

Алексей Улюкаев шаби 15 ноябри соли гузашта дар дафтари "Ростнефт" боздошт шуд. Биноба фарзияи тафтишот, ин мақомдор барои арзёбии мусбати созиши харидории "Башнефт" 2 миллион доллар ришва талаб кардааст. Иттиҳоме, ки Улюкаев онро рад мекунад. Баъд аз боздошти собиқ вазир, президент ӯро аз мақом сабукдӯш кард.

XS
SM
MD
LG