Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонҳои Узбакистон раддабандӣ мешаванд


Шавкат Мирзиёев - президенти Узбакистон
Шавкат Мирзиёев - президенти Узбакистон

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбакистон, дар сӯҳбат бо кормандони мақомоти додситонии ин кишвар гуфтааст, ки аз ин ба баъд дар назди мардум ҳисобот медиҳанд ва фаъолияташон бар пояи раддабандӣ баҳогузорӣ мешавад. Мирзиёев, инчунин, аз додситонҳо, ки тайи солҳои охир ба "айбдоркунанда" табдил ёфтаанд, хостааст, то барои касби унвони "ҳимоятгар" талош кунанд. Мулоқоти мазкур дар арафаи Рӯзи кормандони мақомоти додситонии Узбакистон баргузор шуд, ки ҳамасола 8 январ таҷлил мешавад.

"Аз соли 2017 низоми ҳисоботдиҳии тамоми ҳокимони сатҳҳои гуногун, сардорони ниҳодҳои додситонию корҳои дохилӣ роҳандозӣ мешавад. Ба ҷуз ин, дар минтақаҳо раддабандии фаъолияти додситонҳо сурат хоҳад гирифт, ки бар асоси натиҷаҳои он фаъолияти онҳо баҳогузорӣ мешавад", - афзудааст президенти Узбакистон.

Шавкат Мирзиёев, ки гуфт, тақдири инсон аз ҳар қарори додситонҳо вобастааст, афзуд, "бештари муроҷиатҳо ба қабулгоҳи маҷозии сарвазир марбути фаъолияти додситонҳост". "Ин хеле таассуфовар аст. Барои чӣ дар зиндагии мардум мушкилот меафзояд? Бахши бештари ин муроҷиатҳо натиҷаи бемасъулиятии раҳбарони ниҳодҳои дахлдор, бахусус мақомоти додситонист", - изҳор доштааст вай.

Қабулгоҳи маҷозии сарвазири Узбакистон охирҳои моҳи сентябри соли 2016 таъсис ёфта, то ҳол 311 ҳазор шаҳрванд ба он муроҷиат кардаанд.

XS
SM
MD
LG