Пайвандҳои дастрасӣ

Песков гузориши ҳамлаҳои ҳакериро "ғайриҳирфаӣ" хонд


Дмитрий Песков

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин гуфт, ки нусхаи бози гузориш дар бораи ҳамлаҳои ҳакерии Русия алайҳи Амрико "ғайриҳирфаӣ" омода шудааст ва даст доштани Русияро дар ин ҳамлаҳо собит намекунад.

Песков ин гузоришҳро "таъқиби таваҳумот" номид ва изҳори умед кард, ки ИМА аз "бархурдҳои воқеӣ" ва самтгирӣ ба муколама кор бигирад.

Рӯзи 6 январ идораҳои истихборотии Амрико гузоришеро пахш карданд, ки дар он Русия ба истифодаи ҳакерҳо, бо ҳадафи дахолат дар умури интихоботи ИМА, муттаҳам шудааст. Идораҳои истихборот ба натиҷае расиданд, ки дастури ҳамлаҳои ҳакериро шахсан президенти Русия Владимир Путин содир кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG