Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ба танқиди Мерил Стрип посух дод


Мерил Стрип, ситораи Ҳолливуд

Доналд Трамп, президенти мунтахаби Амрико ҳунармани шинохтаи Ҳолливуд Мерил Стрипро "ҷонибдори Ҳиллари Клинтон" номид ва ба танқиди ӯ, ки дар ҷараёни тақдими ҷоизаи "Golden Globes" садо дод, посух дод.

Мерил Стрип ҳангоми гирифтани ҷоиза, барои хизматҳояш дар синамо, Трампро танқид кард. Ӯ аз ҳодисае ёдовар шуд, ки Трамп ба хабарнигори маъюби Ню Йорк Таймс тақлид кард.

"Нафаре, ки барои раҳбарии кишвар мубориза мебурд, аз имтиёзҳо бархурдор буд, қобилияти ҳимоят аз худашро дорад ба хабарнигори маъюб тақлид кард. Ин қалби маро шикаст ва то ҳол маро ором намегузорад, зеро ин филм набуд, ин воқеият буд. Беэҳтиромӣ роҳро ба беэҳтиромӣ ва хушунат роҳро ба хушунат боз мекунад. Вақте мардҳои қудратманд бо истифода аз тавонмандии худ дигаронро паст мезананд, ин бохти ҳамаи мост. Мо ба матбуоте ниёз дорем, ки тавонад ҳукуматро ба ҷавобгарӣ кашад, барои рафторҳои мисли ин"- гуфт Мерил Стрип.

Трамп дар сӯҳбат бо нашрияи The New York Times ин изҳоротро ҳамлаи "филмсозони либерал" унвон кард.

Видеоҳои охирин

"Озодии Зайд Саидов ду роҳ дорад - ё авфи умумӣ, ё президент ӯро бубахшад"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:50 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG