Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Ҷон Керри аз изҳори назарҳои Трамп дар Твиттер


Ҷон Керри
Ҷон Керри

Ҷон Керри – вазири умури хориҷии Амрико – аз "одати твитнависӣ" ё нашри изҳороти сиёсии Доналд Трамп, президенти мунтахаби Иёлоти Муттаҳида, дар шабакаи Твиттер интиқод кард. Ӯ дар сӯҳбат бо телевизиони ABC News гуфт, 140 калимае, ки Твиттер навиштанашро иҷоза додааст, барои ибрози ақидаи сиёсӣ ва баҳси мавзӯъҳои мушкил кофӣ нест. Доналд Трамп дар маъракаи пешазинтихоботӣ ва баъди он дар Твиттер дар бораи Ҳилларӣ Клинтон, номзад ба мақоми президенти Армико аз Ҳизби демократ, мушкили муҳоҷират ва ҳамлаҳои ҳакерӣ "пост"-ҳои зиёд гузошт. Рӯзи 7 январ вай дар Твиттер аз муҳим будани равобити хуби Амрикову Русия низ навишт ва гуфт, "танҳо аблаҳон ба ғайри ин фикр мекунанд". Баъди расман ба кор шуруъ кардан, Трамп ба ҳайси президенти Амрико ба саҳифаи Твиттери маъмурияти феълӣ даст хоҳад ёфт, ки 13 миллион пайрав дорад. Дар айни замон саҳифаи хусусии Трампро дар Твтитер 19 миллион нафар мехонанд.

XS
SM
MD
LG