Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи тифли навзод – 1000 сомонӣ?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як сокини 32-солаи шаҳри Душанбе барои фурӯши тифли навзодаш боздошт шудааст. Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ин зан рӯзи 6 декабри соли гузашта дар яке аз таваллудхонаҳои пойтахт духтар ба дунё оварда, баъди як ҳафтааш ба зани 44-солаи сокини ноҳияи Восеъ ба маблағи 1000 сомонӣ фурӯхтааст. Дар ин замина парванда боз шуда, таҳқиқот идома дорад. Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, дар аксар маврид онҳое кӯдаки худро мефурӯшанд, ки ё фарзанди бидуни никоҳ ба дунё овардаанд ё аз тангии рӯзгор имкони нигоҳубини тифлро надоранд. Харидорони кӯдакон аксаран оилаҳои ташнаи фарзанд будаанд.

XS
SM
MD
LG