Пайвандҳои дастрасӣ

Пулис ҳамлаҳои шаҳвонии шаби Соли Навро таҳқиқ мекунад


Пулиси Австрия барои таҳқиқи ҳамлаҳои шаҳвонӣ ё озори ҷинсии занон дар шаби Соли Нав, дар маркази шаҳри Инсбрук камиссиюни вежа таъсис дод.19 зан ба пулис шикоят карданд, ки шаби ид мавриди ҳамлаи шаҳвонии гурӯҳи иборат хориҷиҳои Осиё ва Африқои Шимолӣ қарор гирифтанд.

Пулис дар марказҳои будубоши паноҳандагони тамоми минтақа кофтуков анҷом медиҳад. Баъзе ҳамлаҳо дар камерҳои назоратӣ сабт шудаанд, аммо бинобар наворҳои торик ҳуввияти ҳамлагарҳо то ҳол мушаххас нест.

Дар оғози соли 2016 пулиси шаҳри Кёлни Олмон дар бораи ҳамлаҳои шаҳвонӣ, таҷовуз ва ғоратгарӣ дар шаби Соли Нав, беш аз ҳазор аризаи шикоятӣ гирифт. Ба гуфтаи қурбониҳо аксари ҳамлагарон аз Осиёи Ҷанубӣ ва Африқои Шимолӣ буданд. Чунин ҳамлаҳо дар шарҳои дигари Олмон низ сурат гирифт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG