Пайвандҳои дастрасӣ

CNN: Истихборот ҳуввияти русҳои ҳамкори Wikileaks-ро маълум кард


Ҷулиан Ассанҷ- бунёдгузори Wikileaks

Хадамоти истихбороти Амрико ҳуввияти русҳоеро, ки пайғомҳои электронии ситоди Ҳизби Демократро, дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ ба Wikileaks додаанд, маълум кард. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN бо такя ба манбаҳое хабар дод, ки бо гузориши маҳрамонаи истихборот ошно шудаанд.

CNN номи русҳоеро, ки ба гуфтаи истихборот ба дахолат дар умури интихобот даст доранд, ошкор накард. Моҳи декабри соли гузашта матбуот дар бораи русҳои наздик ба Кремлин хабар дод, ки емалҳоро аз серверҳои рахнашудаи Ҳизби Демократ ба Wikileaks додаанд. Бунёдгузори Wikileaks Ҷулиан Ассанҷ иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳукумати Русияро рад мекунад.

Рӯзи панҷшанбе мақомоти истихборот оиди дахолати ҳакерҳои Русия ба интихоботи Амрико дар Сенат гузориш доданд. Баъдан ин ниҳодҳо гузориши кибер-ҳамлаҳоро ба президент Обама супурданд. Нусхаи ин гузориш, бо лағи маълумоти марамонаи он ҳафтаи оянда нашр мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG