Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор зиндонии дигари Гуантанаморо ба Саудӣ мефиристанд


Намояндагони ҳукумати президенти ИМА Барак Обама хабар медиҳанд, ки чаҳор зиндонии маҳбаси Гуантанамои Куба ба Арабистони Саудӣ фиристода хоҳанд шуд. Ин иқдом, ба эҳтимоли зиёд, ба хотири кам кардани шумори зиндониён дар маҳбаси мазкур рӯи даст гирифта шудааст.

Ҳукумати Обама тасмими президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трампро дар мавриди ҳифзи зиндони Гуантанамо нодида мегирад. Дар маҷмӯъ, то замони расман сари қудрат омадани Трамп дар таърихи 20 январ, интизор меравад, аз Гуантанамо 19 зиндонии дигар ба кишварҳои гуногун ирсол шавад. Дар зиндони мазкур ҳамагӣ чанд маҳбус боқӣ хоҳад монд.

Дар ҳамин ҳол, Трамп ваъда додааст, зиндони Гуантанаморо, ки боиси баҳсҳои зиёд шудааст, ҳифз кунад ва ба гуфтааш, бо бачаҳои саркаш онро пур намояд. "Дигар набояд касеро аз Гуантанамо озод кард. Инҳо одамонои хеле хатарнок ҳастанд ва набояд иҷозат дода шаванд, ки дубора ба майдони ҷанг баргарданд", - навиштааст Трамп рӯзи 3 январ дар саҳифаи Твиттери худ.

XS
SM
MD
LG