Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: Нишасти марбут ба рахнагарони рус ба таъхир афтод


Раиси ҷумҳури мунтахаби ИМА, Доналд Трамп қарори Хадамоти истихбороти Амрико, дар бораи ба рӯзи ҷумъа гузаронидани нишасти махусуси бахшида ба ҳамлаҳои ҳакерии Русияро "бисёр аҷиб" номид. Трамп дар саҳифаи Твиттераш навишт, ин нишасти деринтизор, ки дар он хадамоти истихбороти Амрико бояд ба ӯ дар бораи гӯё "ҳамлаи ҳакерии Русия" гузориш медоданд, ба рӯзи ҷумъа гузошта шуд. "Эҳтимол онҳо барои ҷамъоварии маълумот ба вақти бештар ниёз доранд", - навиштааст президенти мунтахаби Амрико.

Мақомоти расмии истихборот аз шарҳи изҳороти Трамп худдорӣ карданд. Аммо манбаъҳои нашрияи The New York Times дар Кохи Сафед гуфтаанд, намояндагони хадамоти истихборот тасмим надоштанд рӯзи сешанбе бо Трамп мулоқот кунанд. Раҳбарони Бюрои федеролии тафтишот ва истихбороти миллӣ якҷоя бо мақомоти ниҳодҳои амниятии дигар барнома доранд, ки рӯзи ҷумъа бо президенти мунтахаб мулоқот кунанд.

Тавре матбуот менависад, дар ин мулоқот ба Доналд Трамп, ки ба ҳамлаҳои ҳакерии Русия шубҳа дорад, бояд маълумоте пешниҳод шавад, ки нақши Русияро дар ин ҳамлаҳо собит мекунад.

Трамп қаблан дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, рӯзи сешанбе ё чоршанбе ӯ "маълумоти ҳакериро, ки барои дигарон дастрас нест, ошкор мекунад." Аммо то ҳол дар ин робита ягон изҳорот пахш нашудааст.

XS
SM
MD
LG