Доналд Трамп, президенти мунтахаби Амрико, гуфтааст, бо назардошти таҳдидҳои барномаи ҳастаии Куриёи Шимолӣ аз таҳримҳо зидди Пхенян пуштибонӣ хоҳад кард. Ким Чен Ин, президенти Куриёи Шимолӣ, рӯзи 1 январ гуфт, то сохта шудани мушаки болдори байниқитъавии кишвараш як қадам мондааст ва базудӣ озмоиши нахустини он сурат мегирад. Трамп дар Твиттер навишт, ки ин кор анҷом нахоҳад ёфт.
Вазорати умури хориҷии Куриёи Ҷанубӣ изҳор доштааст, ки Трамп баъди пирӯзияш дар интихоботи президентии 8 ноябри соли 2016 бори нахуст дар бораи барномаи ҳастаии Пхенян суҳбат мекунад. Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид моҳи ноябри соли гузашта дар вокуниш ба озмоиши навбатии ҳастаии Куриёи Шимолӣ зидди Пхенян таҳрим эълон кард. Аз соли 2006 ин бори 5-ум аст, ки зидди Куриёи Шимолӣ таҳрим ҷорӣ мешавад.