Пайвандҳои дастрасӣ

Николай Бордюжа баъди 13 сол аз мақомаш рафт


Николай Бордюжа

Генерал Валерий Семериков, ки дар ҷанги Афғонистон иштирок кардааст, иҷрокунандаи вазифаи дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ шуд. Дафтари матбуоти СПАД гуфт, ки рӯзи 31 декабри соли 2016 ваколати Николай Бордюжа дар ин созмон ба поён расид. Бордюжаи 68-сола аз 2003 ба ин тараф чор навбат сесолӣ дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ интихоб шуда ва ваколаташ бояд соли 2015 ба итмом мерасид. Аммо моҳи декабри соли 2015 қарори мӯҳлати роҳбарии ӯ то январи соли 2017 қабул карда шуд. Вай аз соли 1999 то 2003 ба ҳайси сафири Русия дар Шоҳигарии Дания низ кор кардааст. Валерий Семериков, ки ҳоло иҷрокунандаи вазифаи дабири кулли СПАД шуд, то ин вақт муовини Николай Бордюжа буд. СПАД ё ОДКБ бар пояи Созишномаи амнияти дастҷамъии 15 майи соли 1992, ки аз сӯи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имзо шуда буд, таъсис ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир, Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви ин созмонанд. Узбакистон аз июни соли 2012 узвияти худро дар ин созмон қатъ кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG