Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико, дар шаби Соли нави милодӣ гуфт, ки баъди вуруд ба Кохи Сафед робитаи хуберо бо ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Русияву Чин ба роҳ хоҳад монд. Трамп дар посух ба суоле дар бораи иттиҳоми ҳамлаи ҳакерии Русия аз тарафи ниҳодҳои амниятии Амрико гуфт, “ин иттиҳом хеле ҷиддӣ аст ва мунтазир мемонам, то мутмаин шаванд”. Доналд Трамп рӯзи 20 январ ба унвони раиси ҷумҳури нави Иёлоти Муттаҳида савганд хоҳад хӯрд.