Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз созиши оташбас ва музокироти сулҳи Сурия ҳимоят кард


Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 31 декабр қатъномаеро дар пуштибонӣ аз созиши оташбас ва музокироти сулҳи Сурия тасвиб кард. Ин қатъномаро Русия дар аввалин рӯзи иҷрои созиши оташбас миёни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифини мусаллаҳи Сурия ба Шӯрои амният пешниҳод карда буд. Дар қатънома барои ташкили як давлати интиқолӣ дар Сурия таъкид мешавад. Инчунин, бар асоси гузориши хабаргузории Олмон, қатъномаи Шӯрои амният муқаррар мекунад, ки имдодгарон дар саросари Сурия бояд аз шароити хуб ва амнияти комил бархӯрдор бошанд, то тавонанд бо суръат ба кумаки ниёзмандон расанд. Ин қатънома аз музокироти сиёсӣ, ки қарор аст дар шаҳри Остонаи Қазоқистон миёни намояндагони ҳукумати Сурия ва мухолифони ин кишвар баргузор шавад, низ истиқбол мекунад. Ин музокирот бо миёнравии Туркия ва Русия моҳи январи имсол баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG