Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсифи Трамп аз Путин барои ихроҷ накардани дипломатҳои амрикоӣ


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп – президенти мунтахаби Иёлоти Муттаҳида – аз тасмими раиси ҷумҳури Русия барои аз ин кишвар берун накардани дипломатҳои амрикоӣ тавсиф намудааст. Трамп дар Твиттераш чунин чархиши Маскавро "олӣ" ва Владимир Путинро "инсони бисёр оқил" донистааст. Президенти Русия рӯзи 30 декабр дар ҷавоб ба қарори Амрико барои ихроҷи 35 дипломати рус дар заминаи ҳамлаҳои ҳакерӣ гуфт, Русия ягон дипломати амрикоиро хориҷ намекунад. Аз ин пештар мақомоти расмии Маскав гуфтанд, ҳукумати Русия дар посух ба таҳримоти эъмолкардаи Амрико ба зидди дипломатҳо ва ниҳодҳои амниятӣ посухи ҳамвазн медиҳад. Иёлоти Муттаҳида дар посух ба ҳамлаҳои ҳакерии Маскав 35 дипломати русро ихроҷ карда ва алайҳи як қатор шаҳрвандон ва идораву муассисаҳои Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Ниҳодҳои амниятии Амрико ба ин хулоса омадаанд, ки рахнаи шабакаҳои компютерии Ҳизби демократи Амрико ва дуздии номаҳои аъзои ҳизб бо огаҳии мақомоти баландпояи Русия сурат гирифтааст. Баъзе аз ин номаҳо дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико нашр шуданд.

XS
SM
MD
LG