Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Амрико як узбактаборро ба таҳдиди терроризм муттаҳам кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як ронандаи узбактабори мошини боркаш ё комюн дар Амрико, ки охири ҳафтаи гузашта бо муқовимат дар баробари пулис ба ҳаракати нақлиёт дар яке аз шоҳроҳҳо сабаб шуд, иттиҳоми таҳдиди террористиро дар додгоҳ рад кард. Хуршед Ҳайдаров-и 25 сола баъди муқовимати чорсоатӣ бо пулис дар шаҳри Канзаси аёлати Миссури ба ҷинояткорӣ муттаҳам шуд.

Ҳайдаров дар мурофиаи додгоҳӣ, ки рӯзи 27 декабр баргузор шуд, тарҷумони русӣ хост ва худро бегуноҳ хонд. Мақомот мегӯянд, ӯ дар Филоделфия зиндагӣ мекунад, аммо аз Узбакистон аст ва каме забони англисиро медонад.

Додгустар мурофиаи навбатиро барои озод кардани Ҳайдаров ба ивази 100 ҳазор доллар гаравпулӣ ба рӯзи 3 январ таъйин кард.

Ҳодиса дар ҳоле ба вуқуъ пайваст, ки шоҳидон рӯзи 23 декабр дар бораи як мард, ки миллаи камони дарозро аз кабини комюни канори роҳ ба сӯи мошинҳои раҳгузар равона мекард, гузориш доданд. Ӯ аз ин камон тир холӣ накард.

Пулис ба масдуд кардани шоҳроҳ дар ду самт амр дод. Муқовимат дар ҳоле хотима ёфт, ки пулис яке аз тирезаҳои комюнро шикаста, Ҳайдаровро боздошт кард. Баъдан маълум шуд, камони Ҳайдаров сочмаи бодӣ буд, ки маъмулан барои зиндагӣ хатар надорад. Пулис мегӯяд, ки Ҳайдаров номукаллаф буд, аммо асоси қонуние барои сархуш эълон кардани ӯ вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG