Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев Отамбоевро ба "дидор"-и бародараш расонидааст


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон барои пайдо кардани бародараш, ки 14 сол инҷониб ӯро надида буд, аз ҳамтои узбакаш Шавкат Мирзиёев сипосгузорӣ кард. Бародари Отамбоев баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ барои истиқомат ба Узбакистон кӯч баста буд.

"Бародари ман баъди пошхӯрии шӯравӣ ба Узбакистон омада, дар як мактаб ба ҳайси омӯзгори оддӣ кор мекард. Ман ӯро қариб 14 сол надида будам", - гуфтааст Отамбоев.

"Маҳз шумо ӯро дар меҳмонхонае дар шаҳри Тошканд ба назди ман оварда будед. Ҳар гоҳе ман бародари марҳумамро ёд мекунам, ҳатман ба ёдам мерасад, ки ӯро баъди фироқи тӯлонӣ кӣ ба назди ман овард, кӣ ба вай кӯмак кард", - гуфтааст президенти Қирғизистон.

Ба гуфтаи Отамбоев, соли 2007 ҳар ду президенти кунунӣ он замон сарвазир буданд. "Ман гуфта будам, ки миёни мо бародарии воқеӣ ва муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвар бояд барқарор шавад", - афзудааст вай.

Мулоқоти Отамбоев бо Мирзиёев дар Самарқанди Узбакистон баргузор шуд. Онҳо масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва густариши ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG