Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шарики "террористи Берлин" дар Олмон


Пулиси Олмон рӯзи 28 декабр шарики эҳтимолии Анис Амрӣ, гумонбари ҳамла ба бозори "Крисмас"-и Берлинро боздошт кард.

Бино ба маълумоти нашрияи Spigel, пулис шаҳрванди 40-солаи Тунисро, ки дар Берлин зиндагӣ мекард, боздошт кард ва соатҳои наздик мақомот дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ба хабарнигорон маълумот медиҳанд.

Рӯзи 19 декабр мошини боркаш, ки гуфта мешавад онро паноҳандае аз Тунис идора мекард, тӯдаи мардумро дар бозори "Крисмас"-и Берлин пахш кард. Дар ин ҳодиса 12 нафар қурбон шуд ва 48 нафар захм бардошт. Масъулияти амали террористиро гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG