Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳзори сафирони 10 кишвари зидди шаҳраксозиҳои Исроил


Вазорати умури хориҷии Исроил сафирони даҳ кишвари узви Шӯрои амнияти Созмони Милалро барои раъйдиҳӣ зидди шаҳраксозиҳои Телавив дар Каронаи Ғарбӣ ва Байтулмуқаддас эҳзор кард. Ба ин қатор сафирони Бритониё, Чин, Русия, Фаронса, Миср, Ҷопон, Испания, Зеландияи Нав ва Уругвай шомиланд. Қатъномаи зидди шаҳраксозиҳои Исроил дар заминҳои фаластинӣ рӯзи ҷумъаи гузашта бо 14 раъйи мувофиқ ба тасвиб расид. Амрико ин қатъномаро вето накард.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, давлати Барак Обамаро ба хотири худдорӣ аз вето ба шиддат сарзаниш карда ва гуфт, Исроил муваззаф нест, ки қатъномаро иҷро кунад. Нетаняҳу рӯзи 25 декабр давлати Обамаро барои ҳамдастии пасипардагӣ бо фаластиниҳо барои тасвиби ин қатънома низ муттаҳам кард. Доналд Трамп, президенти мунтахаби Амрико гуфт, ин қатънома раванди сулҳи Исроилу Фаластинро сахттар мекунад.

XS
SM
MD
LG