Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаводаи Олтинтош гуфтанд, ки ӯ мазҳабӣ набуд


Мавлуд Олтинтош
Мавлуд Олтинтош

Наздикони Мавлуд Олтинтош, марде, ки бо зарби чанд тир Андрей Карлов, сафири Русия дар Анкараро кушт, ба хабаргузории Ройтерс гуфтаанд, ӯ марди мазҳабӣ набуд. “Баръакс, вай тарзи ҳаёти дунявӣ дошт”, - таъкид кардаанд онҳо. Қаблан нашрияи “Миллият”-и Туркия навишт, ҳангоми кофтукоб аз манзили Мавлуд Олтинтош китобҳои марбут ба созмони “Ал-Қоида” ва ҷунбиши Фатҳуллоҳ Гулен ёфт шудааст. Раҷаб Таййиб Эрдуғон низ Олтинтошро ба ҷунбиши Фатҳуллоҳ Гулен, рӯҳонии мухолифи ҳукумати Туркия ва муқими Амрико нисбат дода буд. Вале Гулен ин иттиҳомотро рад кардааст. Сафир Андрей Карлов шоми 19 декабр ҳангоми суханронӣ дар намоишгоҳи аксҳои “Русия аз нигоҳи туркҳо” дар Анкара кушта шуд. Мақомоти Туркия гуфтанд, ҳамлавар Мавлуд Олтинтош, корманди собиқи пулис буд, ки тобистони имсол дар доираи таҳқиқоти табаддулоти нофарҷом аз мақомаш барканор шудааст. Аммо ӯ ҳангоми тирпаронӣ ба сӯи сафири Русия нидои “Аллоҳу акбар” садо дода ва Русияро барои амалиёташ дар Сурия ва бахусус Ҳалаб айбдор кард.

XS
SM
MD
LG