Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се нафар дар робита ба ҳамлаи Берлин


Анис Амрӣ
Анис Амрӣ

Мақомоти Туркия гуфтанд, дар робита ба ҳамлаи маргбор ба Берлин, ҷияни Анис Амрӣ фарди муттаҳам ба ҳамларо ва ду нафари дигарро дастгир кардаанд. Вазорати умури дохилии Тунис гуфт, ки се нафари аз 18 то 27-соларо, ки ба “ҳалқаи террористӣ ва марбут ба террорист Анис Амрӣ, ки дар Берлин ҳамла анҷом дод” дастгир шуданд.

Вазорат рӯзи 24-уми декабр бо нашри баёнияе гуфт, ки ба ҷияни 18-солааш Федӣ пул фиристода ва аз ӯ хостааст, дар Аврупо ба вай ҳамроҳ шавад ба гурӯҳи Давлати исломӣ изҳори садоқат кунад. Амрии 24-сола ба ҳамлаи маргбори рӯзи 19-уми декабр ба бозори идонае дар шаҳри Берлин муттаҳам мешавад. Ӯ мошини боркашеро ба ин бозор равон карда ва 12 нафарро кушт.

Дар видеое, ки рӯзи 23-уми декабр хабаргузории Аъмоқи гурӯҳи Давлати исломӣ, нашр кард, Анис Амрӣ ба ин созмони ифротӣ садоқат ёд мекунад. Ӯ рӯзи 19-уми декабр як мошини боркашро ба бозори идонае дар шаҳри Берлин равона кард ва 12 нафарро кушт. Амрӣ дар он видео қасам мехӯрд, ки барои мусулмонони кушташуда дар ҳамлаҳои ҳавоӣ қасос мегирад.

Дар видео Анис Амрӣ бо эълони вафодорӣ ба Абубакр ал-Бағдодӣ аз мусулмонони Аврупо мехоҳад, ки ҳамлаҳои бештар анҷом диҳанд. Видео чанд соат баъд аз он нашр шуд, ки Анис Амрӣ дар шаҳри Милани Итолиё ҳангоми тафтиши маъмурони пулис дар роҳ ба сӯи онҳо тир андохт ва кушта шуд.

XS
SM
MD
LG