Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои рабуда ба Малта баргашт


Ҳавопаймои Эйрбас бо 117 мусофир бояд ба Троблус мерафт, аммо дар Малта фуруд омад.
Ҳавопаймои Эйрбас бо 117 мусофир бояд ба Троблус мерафт, аммо дар Малта фуруд омад.

Мусофирони ҳавопаймое, ки ҳавопаймояшон рабуда шуд, субҳи 24-уми декабр Малтаро тарк карданд ва ба ватанашон баргаштаанд. Дар ин бора Кармело Абела, вазири умури дохилии Малта хабар дод. Кет Шембри, раиси дастгоҳи нахуствазири Малта дар Твиттер навишт, ки “достони ҳавопайморабоӣ ба поён расид” ва тамоми “халабонҳо бо мусофирон сиҳату саломат ба Троблус бармегарданд.”

Мақомоти Малта гуфтанд, ки ду ҳавопайморабо аз Либия, рӯзи 23-уми декабр, ҳавопайморо маҷбур карданд, дар Малта фуруд ояд, то дар инҷо ҳаққи паноҳандагӣ бигиранд ва як ҳизби наве ба ифтихори Муаммар Қаззофӣ, раҳбари пешини Либия таъсис диҳанд.

Аммо баъди ду соати музокирот, ҳавопайморабоён тамоми 117 мусофири ҳавопайморо раҳо карданд. Ҳавопаймои ширкати Африқия Эйрвейс, аз шаҳри Сабҳа бархост ва қарор буд, дар Троблус фуруд ояд, аммо онро маҷбур ба Малта оварданд. Ба ҳавопайморабоён имрӯз расман иттиҳом эълон мекунанд. Муаммар Қаззофӣ соли 2011 дар қиёмҳои мардумӣ сарнагун ва сипас кушта шуд.

XS
SM
MD
LG