Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп аз Ғарб хост, ҷавоби террористҳоро бидиҳад


Доналд Трамп ваъда додааст, ки террористонро нобуд мекунад.
Доналд Трамп ваъда додааст, ки террористонро нобуд мекунад.

Баъди нашри видеои муттаҳам ба ҳамлаи маргбор дар Берлин ба гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико аз ҷомеаҳои ғарбӣ хост, ба зидди тундгароии исломӣ биҷанганд. Дар видеое, ки рӯзи 23-уми декабр хабаргузории Аъмоқи гурӯҳи Давлати исломӣ, нашр кард, Анис Амрӣ ба ин созмони ифротӣ садоқат ёд мекунад.

Ӯ рӯзи 19-уми декабр як мошини боркашро ба бозори идонае дар шаҳри Берлин равона кард ва 12 нафарро кушт. Амрӣ дар он видео қасам мехӯрд, ки барои мусулмонони кушташуда дар ҳамлаҳои ҳавоӣ қасос мегирад. Доналд Трамп, ки ваъда додааст, террористонро “нобуд” мекунад, бо истифода аз фурсат аз ҷомеаҳои ғарбӣ хост, ба зидди тундгаронии исломӣ биҷанганд.

“Террористе, ки мардуми зиёдеро дар Олмон кушт, пеш аз ҷинояташ мегӯяд, ба фармони Худо ман шумо хукҳоро қатл мекунам. Ин таҳдиди мазҳабӣ ба воқеият табдил шуд. Чӣ нафрате. Кай Амрико ва тамоми кишварҳо ҷавоб мегӯянд”. – навиштааст, Доналд Трамп дар Твиттер.

Дар видео Анис Амрӣ бо эълони вафодорӣ ба Абубакр ал-Бағдодӣ аз мусулмонони Аврупо мехоҳад, ки ҳамлаҳои бештар анҷом диҳанд. Видео чанд соат баъд аз он нашр шуд, ки Анис Амрӣ дар шаҳри Милани Итолиё ҳангоми тафтиши маъмурони пулис дар роҳ ба сӯи онҳо тир андохт ва кушта шуд.

XS
SM
MD
LG