Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон шабакаи шарикони Анис Амриро ҷустуҷӯ мекунад


Дар Олмон таҳқиқи қазияи амалиёти террористӣ дар бозори "Кристмас"-и Берлин ҷараён дорад. Ба гуфтаи вазири умури дохилии ин кишвар Томас Де Мезер, муфаттишон шарикони гумонбари аслии ҳамлаи ахир, шаҳрванди 24-солаи Тунис Анис Амриро ҷустуҷӯ доранд, ки ахиран дар Милан кушта шуд. Ин мақомдор гуфт, ки сатҳи таҳдидҳои террористӣ дар Олмон ҳамоно баланд боқӣ мондааст.

Анис Амрӣ рӯзи ҷумъа дар Италия аз ҷониби пулис кушта шуд. Ҳуввияти ӯро аз нақши ангуштонаш мушаххас кардаанд. Мақомоти Олмон чигунагии марги террористи эҳтимолӣ, махсусан чӣ тавр бемамоният аз Олмон берун шудани ӯро таҳқиқ мекунанд. Гуфта мешавад, ки Амрӣ бо қатор, аз роҳи Фаронса ба Италия ворид шудааст. Ба гуфтаи тафтишот, шабакаи шариконаш дар Аврупо дар ин ин кор ба ӯ кӯмак кардаанд.

Рӯзи душанбе мошини боркаш, ки гуфта мешавад Анис Амрӣ онро идора мекард, тӯдаи мардумро дар бозори "Кристмас"-и Берлин пахш кард. Дар ин ҳодиса 12 нафар кушта ва 48 тани дигар захмӣ шуданд. Ҳамлагарро натавонистанд дар ҷойи ҳодиса боздошт кунанд. Масъулияти ҳамлаи террористиро гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG