Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбари ҳамла ба бозори Берлин кушта шуд


Вазири дохилии Италия гуфт, ки Анис Амрӣ, гумонбари ҳамла ба бозори "Кристмас" дар Берлин аз тарафи пулиси Италия дар канораҳои шаҳри шимолии Милан кушта шуд. Ба гуфти вазири дохилии Италия Марко Миннити, пулис ҳуввияти Амриро бидуни шубҳа мушаххас кард.

"Пулис мошини Анис Амриро соати 3-и саҳар барои тафтиши маъмулӣ манъ кард. Амри таппончаро берун кашида ба сӯи кормади пулис, ки аз ӯ санад пурсид, оташ кушод ва дар пайи задухурд бо пулис кушта шуд",- гуфт вазири дохилии Италия.

Шикори саросарӣ барои боздошти Анис Амрии 24 сола, шаҳрванди Тунис, ки гумон меравад рӯзи 19 декабр мошини боркашро ба бозори "Кристмас"-и Берлин зада 12 нафарро кушта ва 48 тани дигарро захмӣ кардааст, чанд рӯз боз ҷараён дошт. Гуфта мешавад, ки Амрӣ то омадан ба Берлин дар моҳи июни соли 2015, чанд сол дар Италия зиндагӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG