Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Бишкек аз узвияти Эрон дар СҲШ


Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев гуфт, ки кишвараш аз узвияти комили Эрон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай пуштибонӣ мекунад. Изҳороти Отамбоев рӯзи 23 декабр баъди анҷоми гуфтушунид бо раиси ҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ дар Бишкек пахш шуд. Созмони Ҳамкориҳои Шанхай Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия Тоҷикистон ва Узбакистонро дар зери як чатр ба ҳам овардааст. Эрон дар он нақши нозирро дорад.

Теҳрон моҳи марти соли 2008 барои дарёфти узвияти комил дар ин созмон талош кард. Аммо ин дархост бинобар таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид алайҳи барномаҳои ҳастаии Эрон рад шуд.

Баъди лағви ин таҳримҳо ва созиши байналмилилӣ, ки Эрон дигар барномаҳои ҳастаияшро тавсеа намедиҳад, раиси ҷумҳури Чин Си Ҷинпин тарафдории худро ба узвияти комили Эрон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай эълон кард.

Ҳасан Рӯҳонӣ рӯзи 22 декабр вориди Бишкек шуд. Ӯ қабл аз Бишкек сафарҳоеро дар Қазоқистон ва Арманистон анҷом дод.

Раиси ҷумҳури Эрон баъди дидору гуфтугӯ бо Алмосбек Отамбоев гуфт, ки дар ин мулоқот мавзӯҳои сармоягузории Эрон дар иқтисоди Қирғизистон, ҷорӣ кардани низоми тадриҷии сафарҳои бидуни раводид дар байни ду кишвар ва мубориза бо терроризм матраҳ шуд.

Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфт, ки ӯ бо Отамбоев ҳамкории байни Эрон бо Созмони иқтисодии Авросиёро баррасӣ кардааст, ки ба он Арманстон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия шомил шудаанд.

XS
SM
MD
LG