Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набераи Сталин дар Маскав даргузашт


Евгений Ҷугашвили, набераи Иосиф Сталин.
Евгений Ҷугашвили, набераи Иосиф Сталин.

Евгений Ҷугашвилӣ, набераи диктатори Шӯравии пешин Иосиф Сталин дар синни 80-солагӣ дар Маскав даргузашт. Ба гуфтаи хабаргузории РИА Новости, ӯро раҳгузарҳо дар ҳоли беҳушӣ дарёфтанд ва табибони ёрии таъҷилӣ натавонистанд ӯро аз марг наҷот диҳанд.

Гуфта мешавад, ки Евгений Ҷугашвилӣ фарзанди беникоҳи Яков Ҷугашвилӣ, писари бузурги Сталин буд. Баъзе хешони Сталин, аз ҷумла духтари ӯ Светлана Аллилуева ӯро як "фиребгар" арзёбӣ мекарданд. Аммо додгоҳи Тбилиси далели хеши Сталин будани Евгений Ҷугашвилиро тасдиқ кардааст.

Дар замони Шӯравӣ Евгений Ҷугашвилӣ устоди донишгоҳҳои низомӣ буд, унвони сарҳанг ва номзади илмҳои низомиро дошт. Аз соли 1991 то лаҳзаҳои охири зиндагиаш ба корҳои сиёсиву иҷтимоӣ машғул буд ва аз ба ном "ҷиноҳи Сталин" дар интихоботи порлумони Русия иштирок кард. Набераи Сталин "Новая газета", "Эхо Москвы" , нашрияҳои дигар ва хабарнигорони алоҳидаро, ки ба гуфтаи ӯ "обрӯ ва шараф"-и бобояшро паст задаанд, ба додгоҳ кашида буд. Ин даъвоҳо бенатиҷа анҷом шуданд.

XS
SM
MD
LG