Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз иҷро нашудани даромади будҷа


Раиси ҷумҳури Тоҷиистон аз фаъолияти номуназзами минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва иҷро нашудани даромади будҷаи давлатӣ ва андоз нигаронӣ кардааст. Дар маҷлиси солонаи ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 23 декабр дар Душанбе оғоз шуд, Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти номуназзами минтақаҳои озодӣ иқтисодӣ ва иҷро нашудани даромади будҷаи давлатӣ ва андоз, ҳамчунин камбудиҳо дар пешбурди корҳои илмӣ ва ихтирооту навоварӣ нигаронӣ кардааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар маҷлиси солонаи ҳукумат ибтидо масоили рушди иқтисодии кишвар дар соли 2016 натиҷагирӣ шудааст ва сарвазир дар ин бора Қоҳир Расулзода гузориш додааст.

Ин маҷлиси васеи ҷамъбастӣ бо иштироки роҳбарият ва аъзои ҳукумат, роҳбарони идораҳои назди президент ва дигар мақомоти марказӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ бонкҳои саҳҳомӣ…ва дигар афроди масъул ҷараён дорад.

Дар оғози ин ҷаласа ҳамчунин вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири молия Абдусалом Қурбониён, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб, директори Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов, раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, Раиси «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, раиси ширкати«Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода ва директори нерӯгоҳи «Роғун» Хайрулло Сафарзода гузориш додаанд.

XS
SM
MD
LG