Пайвандҳои дастрасӣ

Навбатпоӣ барои харидории орду шакар дар Туркманистон


Муассисаҳои давлатии Туркманистон аз кормандонашон талаб доранд, ки барои харидани маводи камёфт навбат напоянд. Давоми моҳҳои охир навбатпойии харидорон пушти дари мағозаҳои давлативу хусусӣ зиёд шудааст. "Ба мо супориш шудааст, ки барои харидани маводи камёфт навбат наистем. Роҳбарият огоҳ кард, ки ҳар киро дар навбат диданд, аз кор хориҷ мешавад", - мегӯяд як корманди маркази тиббии Ишқобод.

Дастури мақомот дар ҳолест, ки дар Туркманистон вақтҳои охир пайдо кардани сигор ва дигар маводи аввалияи ғизоӣ душвор шудааст. Сокинон ба хусус барои харидани шакар, орд, равған навбат меистанд. Дар бархе ҳолат миёни харидорон ва пулис занозанӣ низ рух медиҳад. Дар вилояти Дашоғузи Туркманистон харидорон то як моҳ пеш дар навбат номнавис мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG