Мақомоти Украина 100 дар сади саҳмияҳои "ПриватБанк"-ро бо арзиши як гривн, муодили се сенти амрикоӣ, хариданд. Дар ин бора дар хабари Бунёди кафолати сармоягузорони шахсони воқеӣ зикр шудааст. Расмиёти зарурии харидорӣ ва тағйири молики бонк давоми 72 соат сурат гирифтааст.
Дар бораи қарори миллӣ кардани бонки мазкур 19 декабр хабар расид. Яке аз саҳмдорони асосии бонк олигарх Игор Коломойский буд, ки вай бо президенти Украина Петр Порошенко муноқиша дошт. Ба гуфтаи раиси Бонки миллии Украина, "ПриватБанк" ба андозаи панҷ миллиард доллар камбуд дошт. Бонки мазкур ғайри қобили пардохт эътироф шуда буд ва комилан зери назорати вазорати молия рафт.
Президенти Украина аз миллӣ кардани "ПриватБанк" ҷонибдорӣ кардааст. Ба гуфтаи президент, вазъи бонк ба тамоми низоми молии кишвар хатар дошт.