Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чораҳои Аврупо барои пешгирӣ аз маблағгузории терроризм


Комиссияи Аврупо тасмим дорад, барои ҷилавгирӣ аз сармоягузории терроризм чора биандешад. Ба иттилои хабаргузори Reuters, қарор аст, табодули иттилоъ миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо тақвият дода шавад.

Ҳангоми вуруд ва хуруҷ аз Иттиҳоди Аврупо назорати интиқоли пули нақд ва тило пурзӯр мешавад. Ба ҷуз ин, марзбонон дар сурати пеш омадани шубҳа шахсонеро низ, ки камтар аз 10 ҳазор евро бо худ доранд, сахт аз санҷиш хоҳанд гузаронд. Брюссел ҳамчунин мехоҳад, ваколати хадамоти гумрукро ҳангоми назорати пулҳои нақд ва кортҳои бонкӣ бештар кунад.

Дар доираи низоми иттилооти Шенген пешниҳод шудааст, ки маълумот оиди гумонбарон дар кишварҳои гуногуни Аврупо аз рӯи нақши ангуштон муқоиса карда шавад. Ин иқдом ба муфаттишон ҳангоми истифода кардани шахси гумонбар аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ кумак хоҳад кард. Ташаббуси мазкурро бояд порлумони Аврупо ва кишварҳои узв таъйид кунанд. Ислоҳот барои соли 2018 ба назар гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG