Мақомоти Узбакистон ва Украина ният доранд, ки дар Тошканд масъалаи барқарории иртиботи ҳавоиро дар масири Тошканд - Киев баррасӣ кунанд. Сафири Узбакистон дар Украина гуфтааст, парвози охирин дар масири Тошканд - Киев моҳи майи соли 2015 сурат гирифта буд. "Аз он замон то кунун парвозҳои доимӣ барқарор нест. Тавре мо мебинем, ин ба рушди туризм ва тиҷорат таъсир расонидааст", - гуфтааст сафир Алишер Абдуалиев. Тавре хабар дода мешавад, соли 2013 ширкати миллии Узбакистон ният дошт, парвозҳои доимиро дар масири Тошканд - Киев қатъ кунад. Мақомоти Тошканд гуфтанд, ки ширкати миллии Украина бо ҳадафи дарёфти афзалиятҳо ба ҷониби Узбакистон фишор овардааст.