Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Берлин чораҳои амниятиро шадидтар мекунад


Матбуоти Олмон гуфт, марди тунисиеро ҷустуҷӯ дорад, ки шиносномаи ӯ дар дохили мошини ба издиҳоми бозорчаи солинавӣ бархӯрдкарда пайдо шуд. Дар ҳодисаи шоми 19 декабр 12 нафар кушта ва 50 нафар маҷрӯҳ шуданд. Матбуот мегӯяд, ки ҳамлагари эҳтимолӣ соли ҷорӣ ба ҳайси муҳоҷир ба Олмон омадааст. Полис гуфт, ки ҳатман ҳамлагарро пайдо мекунад ва аз сокинон хост, ки дар маҳалҳои серодам аз эҳтиёт кор гиранд. Томас Нойндорф, сухангӯи полиси Берлин рӯзи 21 декабр дар баробари хабарнигорон гуфт:

"Полиси Берлин бори дигар консепсияи амниятии худро мавриди санҷиш қарор дод. Мо дар маъракаҳои солинавӣ ва чорабиниҳои дигар тадбирҳои амниятиро тақвият медиҳем. Зиёда аз ин, ходимони полис дар даст автомат мегарданд ва дар роҳгузарҳову дигар ҷойҳо тафтиши амниятӣ ҷорӣ мекунанд, ки чораҳо шадидтар шавад”.

Ҳоло мақомоти полис мегӯянд, ки ҳамлагарон эҳтимолан аз як нафар бештар буданд ва базудӣ ҳуввияти онҳоро барои ҷомеа ошкор мекунанд. Марди 23-солаи покистонӣ, ки дар бозорчаи солинавӣ боздошт шуд, шоми 20 декабр бино ба сабаби набуди далели даст доштани ӯ дар ин ҳодиса озод шуд. Дар як изҳороти гурӯҳи “Давлати исломӣ” иддао шуд, ки ин созмон барои вуқӯи ҳамлаи Берлин сабаб шудааст.

XS
SM
MD
LG